Сахт андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Мигел Диас-Канел. Навор

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки фоҷиаи суқути ҳавопаймо дар Куба ӯро сахт андӯҳгин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи тасалият ирсол кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Дар номаи таслияти Раҳмон аз ҷумла гуфта мешавад: "Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба мардуми дӯсти Куба, ҳамчунин ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, барои осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам".

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи суқути ҳавопаймои "Боинг 737" рӯзи 18-уми май дар наздикии Ҳавана, пойтахти Куба, беш аз сад нафар ҷон бохтааст.

Ба гузориши расонаҳои кубӣ, дар ин ҳодиса танҳо се сарнишин ҷон ба салома бурдаанд, ки вазъи саломати онҳо низ вазнин аст.

Авиакатастрофа на Кубе