Р. Эмомалӣ то сентябр бар зидди қочоқи маводи нашъадор мубориза мебарад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2018" оғоз мешавад, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, ки амалиёти мазкур   бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар пойтахт  гузаронида мешавад.

Тибқи қарори мазкур, Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорату  ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2018» таъсис ёфта, ҳамчунин Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе,  шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   ва  сохторҳои низомӣ таҳия намуда, гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис диҳанд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2018 ба Раиси шаҳри Душанбе ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд.