Тоҷикистон қарзи берунаашро камтар кард

Дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон тақрибан 2,7 миллиард доллар воми давлатиеро ташкил медиҳад, ки барои иҷрои хадамоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон 20 миллион доллар кам карда шуд, хабар медиҳад Оҷонсии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон.

Маблағи умумии қарзи беруна то 1-уми апрели соли равон 2.859 миллиард долларро ташкил медод.

Тоҷикистон то оғози сол аз кредиторони хориҷӣ 2,879 миллиард доллар қарздор буд.

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $ 2,9 млрд расид

Дар сохтори қарзи берунаи кишвар тақрибан 2,7 миллиард долларро воми давлатӣ, ки барои иҷрои хадамоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб карда шуда буд, ташкил медиҳад.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ 32 миллион доллар, қарзҳои корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати давлатӣ надоранд, — 31,5 миллион доларро ташкил медиҳанд.

Қариб 100 миллион доллари амрикоӣ дар сохтори қарзи берунӣ ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон рост меояд. Аз ҷумла, 87,3 миллион доллар қарзи Бонки миллии Тоҷикистон аз Хазинаи байналмилалии асъор аст, 7 миллион доллар аз Чин, ва 4,1 миллион доллар — аз Бонки исломии рушд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Эксимбанки Чин аст, ки ҷумҳурӣ аз он тақрибан 1,2 миллиард доллар, қарздор аст.

Хотиррасон мекунем, ки СБП ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки чигуна метавон қарзи миллиро коҳиш дод. Дар гузориши СБА таҳти унвони "Коҳиш додани сатҳи баланди қарз" гуфта шудааст, ки дар тӯли панҷ соли охир қарзи кишварҳои рӯ ба инкишофи бо даромадҳои кам, қариб то ба 13% афзудааст.

Ба ин кишварҳо Тоҷикистон низ тааллуқ дорад. Қарзи давлатии Тоҷикистон дар ибтидои соли 2018-ум ба 3,7 миллиард доллар расидааст, ки ин — 51,4 %-и ММД мебошад. 

Қариб 2,9 миллиард доллар ба қарзи беруна ва 770 миллион доллар ба қарзи дохила пайвастагӣ дорад. Қисми зиёди қарзҳо аз фурӯши авроқи баҳодори давлатӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ба вуҷуд омадаанд.

Дар идораи СБА қайд мекунанд, ки ба ғайр аз қарз хароҷоти нигоҳдории он ҳам зиёд мегардад. Ин дар натиҷаи он ба вуҷуд меояд, ки кишварҳо ба бозорҳои молиявии байналмилалӣ дастрасӣ пайдо карда, уҳдадориҳои дохилии қарзии худро зиёд намудаанд.