Нерӯҳои вижаи кишварҳои СПАД дар Қазоқистон размоиш мекунанд

Аз 20 то 22 май соли ҷорӣ нируҳои махсуси кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон размоиш мегузаронанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои вебгоҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, дар размоиши "Кобалт —2018", ки аз 20 то 22 май дар Қазоқистон баргузор мешавад, нобуд сохтани қувваҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз тарафи нирӯҳои махсус тамрин карда мешавад.   

Дар ин размоиш беш аз 700 низомӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Аз Тоҷикистон дар тамринҳои ҳарбӣ нирӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохила иштирок хоҳад кард.

Ҳадафи аслии тамринҳо, боло бурдани ҳамоҳангии нируҳои махсус бо дигар мақомотҳои қудратӣ зимни амалиётҳои низомӣ мебошад.

Қаблан қаламрави кишварҳои ҳамсуд ҳамагӣ се маротиба размоиши "Кобалт" ташкил шуда буд.

Аввалин тамрин дар соли 2010 дар вилояти Ростови Русия баргузор шуда буд.