БМТ дар ноҳияҳои дурдаст пардохти ғайринақдиро бештар мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро ба хусус дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон зиёд намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар ин росто бонк санади алоҳидае таҳия ва тасдиқ кардааст, хабар медиҳад равобити умумии БМТ.

Гуфта мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади афзоиш додани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар, рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, санади меъёрии "Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо" таҳия ва тасдиқ карда аст. 

Манба иттилоъ додааст, ки санади мазкур инчунин барои самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷудаи ташкилотҳои қарзӣ равона шудааст.

"Алҳол ташкилотҳои қарзӣ имконият пайдо карданд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ" барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродиро ба ҳайси агентҳои бонкии пардохтӣ ҷалб намоянд" — иттилоъ додааст манбаъ.

Санади мазкур дар якҷоягӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта таҳия гардида аст.