Лаҳзаҳои беҳтарин аз дидори Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон

Sputnik

Тамоми барномаи сафари раисҷумҳури Белорус ба масалаҳои иқтисодӣ вобаста буд.

Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, инчунин барномаи густариши беҳбуди рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ то солӣ 2020 ба имзо расид.

Александ Лукошенко бо тантана аз намоишгоҳи молу колоҳои Белорус дидан кард ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шоколади "Президент", ки худ омода кардааст, меҳмондорӣ кард. Ҳамчунин сиёсатмадорон корхонаи тракторбарории муштараки Тоҷикистону Белорусро ҶСП "Агротехсервис" дар Ҳисор ифтитоҳ намуданд.

Дар Душанбе бузургтарин намоиши молу колоҳои Белорус баргузор шуд. Дар панҷ соли ахир Белорус дар хориҷ аз кишвар чунин намоиши молу колоҳоро ташкил накарда буд. Инчунин дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии тоҷирони Белорусу Тоҷикистон баргузор шуд.

Бо супориши Лукашенко дар вилоятҳои Брест ва Гомели Белорус ду боғи меваба номи Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад шуд. Дар онҷо меваҳо аз минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, ки ба боду ҳавои сард мутобиқ ҳастанд парвариш хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон боғи гелоси дӯстии Тоҷикистону Белорус бунёд мешавад.

1 / 11
Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии се рӯза ба Тоҷикистон омад ва бори дигар ошиқи табиати Тоҷикистон шуд.
2 / 11
Ман ҳамеша бо хушнудӣ таъкид мекунам, ки суръати рушди Тоҷикистон аз Чин беҳтар аст. Ин бисёр хуб аст. Мо бо чашми худ мебинем, ки то чӣ андоза пойтахти Тоҷикистон тағйир ёфтааст. Имрӯз ман бори дигар мутмаин шудам, ки мо роҳи дурустро интихоб кардем", таъриф кард ба ҳамтои худ Александ Лукашенко.
3 / 11
Эмомалӣ Раҳмон меҳмонон Александр Лукашенко ва писари ӯ Николайро ҷомаи миллии тоҷикӣ пушонд.
4 / 11
Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, инчунин барномаи густариши беҳбуди рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ то солӣ 2020 ба имзо расид.
5 / 11
Инчунин дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи бузурги молу колоҳои Белорус, ки дар он 150 ширкати ин кишвар иштирок дошт, баргузор шуд.
6 / 11
Ҳангоми дидор аз намоиш раисҷумҳури Белорус ҳамтои худ Эмомалӣ Раҳмонро бо шоколади "Президент", меҳмондорӣ кард.
7 / 11
Ҳамчунин сиёсатмадорон корхонаи тракторбарории муштараки Тоҷикистону Белорусро ҶСП “Агротехсервис” дар Ҳисор ифтитоҳ намуданд.
8 / 11
Пасон Раҳмон ва Лукашенко дар боғи гулҳо сайру гашт карданд. Ҳамон лаҳза борон меборид ва раисҷумҳури Тоҷикистон чатрро болои сари меҳмон медошт.
9 / 11
Ба Александр Лукашенко боғҳои меваи тоҷикӣ бисёр хуш омад, ба ҳамин далел фармон дод дар Белорус ду боғ ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон бунёд шавад.
10 / 11
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон боғи гелоси дӯстии Тоҷикистону Белорус бунёд мешавад.
11 / 11
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳ шахсан Александр Лукашенкоро ба Минск гусел кард.