Тоҷикистон хунрезӣ дар Ғаззаро қотеъона маҳкум кард

Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кардааст, ки аз истифодаи зӯроварӣ худдорӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо мунташири изҳороте, хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳраванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеона маҳкум кардааст.  

Мақомоти тоҷик мегӯяд, шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Дар ин росто Тоҷикистон даъват карда, ки низоъ бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳал шавад.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд", —омадааст дар изҳорот.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи амалиёти нерӯҳои Исроил дар Ғазза, рӯзи 14-уми май даҳҳо фаластинӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Фаластиниён ба зидди кӯчонидани сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ба эътироз баромаданд, вале Исроил мегӯяд, тазоҳургарон мехостанд, дар марз маводи тарканда бигузоранд.