ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бо ин роҳ сокини шаҳри Кӯлоб ба манфиати худ 5000-доллари амрикоӣ ба даст овардааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохила.
Ба гуориши манбаъ, ин қазия дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯии кормандони милисаи Тоҷикистон рӯшан шудааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони милитсия зани 49-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамрабоӣ дастгир намуданд.
Ин зан ҳамроҳии "Расмия" ном бонуи дигаре моҳи июли соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе даромада ваъда намудаанд, ки ӯро ба шаҳри Дубайи АМА ба кор мебаранд.
Ҳамин тавр рӯзи 29-уми июли соли 2017, барояш чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе-Дубайро харидорӣ менамоянд.
Дар шаҳри Дубайи ӯро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, барои пардохт намудани қарз ҷабрдидаро бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид ба марказҳои дилхушии шаҳри Дубай бурда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун маҷбур мекунанд.
Бо ин роҳ занон ба манфиати худашон 5000-доллари амрикоӣ ба даст овардаанд.
Манбаъ афзуда, ки нисбати зани 49-сола аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 130 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.