Парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ"-ро ислоҳ мекунад

Ҳадафи ислоҳи қонун такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор гуфта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май— Sputnik. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тарҳи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"-ро ислоҳ мекунад, хабар медиҳад равобити умумии палатаи поёнии парлумон.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуааст.

Гуфта мешавад, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода санади мазкурро тавзеҳ дода, гуфтааст, ки тарҳи қонун аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65-и нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, таҳия ва ба Парлумон пешниҳод гардидааст.

"Ҳадафи он такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор мебошад", —омадааст дар хабарнома.

Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии "Хоҷагии коммуналӣ"-и назди мақомоти шаҳри Кӯлоб ва Бонки Таҷдиди Урупо оид ба лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб", Созишномаи қарзии "Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб" байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб, Созишнома байни Тоҷикистон ва Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ва тарҳи Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030–ро баррасӣ кардаанд.