Намояндагони СБП бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошно шуданд

Намояндагии Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон омада бо рафти корҳои сохтмонии нерӯгоҳи "Роғун" ошно шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳайати СБП таҳти роҳбарии Падамжа Ханделвал ба Тоҷикистон омада ба нерӯгоҳи "Роғун" сафар кардаанд.

Ин ҳайъат бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, инчунин ба хотори ошноӣ бо корҳои сохтмонӣ дар "НБО Роғун" ба Тоҷикистон омадааст.

Тоҷикистон барои сохтусози нерӯгоҳи Роғун сармоягузорони нав меҷӯяд

Зимни боздиди аз Роғун ҳайати СБП ва роҳбарияти Бонки миллӣ  мулоқот кардаанд. Дар ин мулоқот ба ҳайати СБП дар бораи нерӯгоҳи Роғун, аҳамият ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ, зарурати ҷалби сармоягузорӣ маълумот дода шудааст.

"Коршиносон ва мутахассисон ба ҳайати СБП маълумоти зарурӣ дар бораи таҳияи лоиҳаи ин иншоот, хусусиятҳои техникӣ, гидроэнергетикӣ, сейсмикӣ пешниҳод карданд", — иттилоъ медиҳад БМТ.

Дар баробари ин намояндагони ҳайати СБП ба суолҳои худ дар бораи хусусиятҳои иқтисодии лоиҳа, қудрати истеҳсол ва содироти қувваи барқ баъди анҷом ёфтани иншоот посухҳои мушаххас гирифтаанд.

Ҳайати Хазинаи байналмилалии пул аз 12 то 23 майи соли 2018 бо мақсади ошноӣ бо вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.