Раъду барқ ва борону жола: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 14 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ, раъду барқ ва боридани борону жола пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори раисҷумҳур: зимистони дарпешистода барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолатҳо жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа ва шабона +12 +14 дараҷа гарм хоҳад шуд.