Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар яке аз баромадҳояш эълом дошт, ки ҷорӣ намудани "таҳримҳои вазнин ва ҷиддӣ" ба вай мусоидат мекунад, ки бо Теҳрон "қарордоди бовиҷдоднона" — созишномаи наву "хуб" бандад. Аммо дар ҳамин маврид, Трамп мехоҳад, ки мутахассисони амрикоӣ тавонанд пойгоҳҳои низомии дар Эрон бударо назорат кунанд.
Коршинос Александр Юшенко мегӯяд, "бовиҷдонӣ" дар фаҳмиши амрикоиҳо — калимаи аҷибе ҳаст.
" Дар фаҳмиши онҳо қарордоди бовҷдонона- ин даровардани қӯшунҳояшон ба Эрон, низоми давлатдории Эронро дигар кардан, пойгоҳҳои низомиии худро мустақар кардан ва ҳамчунин сарзамини зеримандатӣ шуморидани Эрон мебошад", — мегӯяд вай.
Ба гуфтаи коршинос, муносибати Амрико бо Эрон бо он далел бадтар шудааст, ки нуфузи Эрон дар Шарқи наздик ва Сурия бештар мешавад.
Сабти овозии сӯҳбати радиои Sputnik пешниҳод мешавад: