Чаро фармондеҳи Нерӯҳои марказии Амрико ба Тоҷикистон омад?

Зимни сафари худ генерали амрикоӣ бо масъулини Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомӣ ва мубориза бо терроризмро баррисӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Ба Душанбе фармондеҳи нерӯҳои марказии Амрико Ҷозеф Вотел омад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТА. 

"Фармондеҳи нирӯҳои марказии Амрико генерал Ҷозеф Вотел дар ҷараёни сафараш ба кишвар, бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор хоҳад кард"- иттилоъ додааст хабаргузорӣ.

Ҷозеф Вотел  зимни сафари худ, ки то 12 май идома меёбад, бо масъулини Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомӣ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ хоҳад кард.

Қарор аст, зимни сафари худ генерал Ҷозев Вотел бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ анҷом диҳад.   

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи апрели соли 2017 генерал Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон омада буд. Қаблан зимни сафари худ вай бо раисҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода, инчунин бо вазири дифои Тоҷикистон Шерали Мирзо ва раиси Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон Саймумин Ятимов масалаи амниятии кишварро барраси карда буд.  

Ёдрас мешавем, генерали амрикоӣ аллакай бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот орост.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.