Муҳлати сафари Лукашенко ба Тоҷикистон эълон шуда. Раисиҷумҳури Белорус дар Тоҷикистон аз 14 то 16 май хоҳад монд. Аз 15 то 17 май дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти содиротӣ аз Белорус баргузор мегардад. Маҳсулоти мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати сабук ва нафту газ, инчунин дигар соҳаҳо пешниҳод карда мешаванд.
Коршинос Аза Мигранян чунин мешуморад, ки намоишгоҳ — ин як чорабинии маъмулиест барои таҷрибаи ҷаҳонӣ, ва дар ин ҷо кишварҳои узви ИДМ истисно нестанд.
"Ҳамкориҳо байни Беларус ва Тоҷикистон алъон дар сатҳи пастанд. Ба ин дурии масофаи байниминтақавӣ, норасоии алоқаи бевоситаи нақлиёт, набудани мукаммалият, яъне савдои ҳаматарафа ва ғайра сабаб шуда метавонанд. Аммо дар Тоҷикистон марҳилаи фаъолшавии рушди кишоварзӣ оғоз ёфтааст. Метавон пиндошт, ки Беларус бо техникаи худ барои Тоҷикистон манфиатдор аст", — гуфт Аза Мигранян ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай таъкид кард, ки як нуктае вуҷуд дорад, техникаи Белорус барои кишоварзӣ дар ҳамворӣ пешбинӣ шудааст. Бозори Тоҷикистон ба истеҳсолкунандагони Беларус имкон медиҳад, ки шароитҳои нави истифодаи мошинҳоро бо мақсади беҳтар ва фароҳам овардани истеҳсолот, омӯзанд.
Дар навбати худ, Тоҷикистон метавонад маҳсулоти худро ба Белорус, ки ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дастрас нест, ироа намояд.
Мигранян чунин мешуморад, ки муносибатҳо вуҷуд доранд ва имкони тавсеаи онҳо ҳаст.
Тафсилоти бештарро дар гузориши савтии мо шунавед.