Аз Амрико то Афғонистон: мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел

Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро қайд карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, раисҷумҳур бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Зимнан,Эмомалӣ Раҳмон  Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзуи "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро қайд карданд.