Таъиноти кадрӣ: Раҳмон чанд масъули баландпояи додситонӣ ва "Барқи тоҷик"-ро ҷо ба ҷо кард

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Муҳаммад муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik.Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қадрҳоеро, ки дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Прокуророни шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини прокурори вилояти Хатлон, прокуророни ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурори ноҳияи Рашт аз ҳисоби мутахассисони ҷавону ботаҷриба таъин карда шуданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Дафтари матбуотӣ меафзояд, дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб — сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

"Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди раисҷумҳур дар хусуси ба вазифаи Сараудитор таъин намудани Салимзода Собир ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид",- тавзеҳ медиҳад хадамот.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Муҳаммад муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" таъин гардид.

Президент  зимни сӯҳбат бо кадрҳое, ки аксарият ҷавону корозмудаанд, таъкид намуданд, ки пайваста омӯзанд, донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарии худро сайқал диҳанд, ба иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадоштаашон бо ҳисси баланди масъулият ва поквиҷдонона муносибат намоянд, сазовори эҳтироми мардум гардида, ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд.