Дар Тоҷикистон кӯдакони гирифтори ВИЧ-ро барои истироҳат ба Иссиқ-Кӯл мефиристанд

Дар соҳили Иссиқ-Кӯли Қирғизистон лагери байналмиллалӣ барои кӯдакони мубталои ВНМО кушода мешавад, ки дар мавсими тобистон зиёда аз 170 кӯдак аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон метавонанд истироҳат кунанду, саломатии худро беҳтар гардонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Лагери байналмиллалӣ барои кӯдакони мубталои ВНМО (ВИЧ) тобистони имсол дар соҳили Иссиқ-Кӯли Қирғизистон кушода мешавад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

"Мо аз созмони ЮНИСЕФ дархост кардем то фикри гузаронидани лагери байналмилалии тобистонаро дар соли 2018 барои кӯдаконе, ки мубталои ВНМО ҳастанд, дастгирӣ кунад, ва розигӣ доданд", — гузориш медиҳад хадамоти матбуотӣ бо истинод ба гуфтаҳои мудири Маркази ҷумҳуриявии "СПИД" Улана Қодирбекова.

Шумораи гирифторони ВНМБ (ВИЧ) дар Осиёи Марказӣ зиёд шудааст

Тибқи гуфтаҳои вай, аллакай бо шарикони байналмилалӣ ҳамоҳангии қаблӣ дар робита ба он, ки дар лагер (мӯҳлати ниҳоии кушодани он ҳоло мувофиқа карда мешавад) омӯзишҳои махсус барои коркунони ҳамешагии он роҷеъ ба кор бо кӯдакон ва наврасони мариз, гузаронида мешавад, ва ҳамчунин бо волидайни онҳо табибони атфол, равоншиносон ва ҷомеашиносон ҳамкорӣ хоҳанд кард. 

Ташкилкунандагон барномарезӣ кардаанд, ки ба ҳайси мураббиён якуним ҳазор коршиносони сатҳи байналмилалиро аз кишварҳои ИМА, Олмон, Русия ва Украина даъват кунанд. Дар лагери байналмилалӣ, тибқи маълумоти пешакии онҳо, дар як мавсими тобистона беш аз 170 кӯдакони гирифтори ВНМО аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон метавонанд истироҳат ва саломатии худро беҳтар кунанд.

Дар лагер ба онҳо имконият медиҳанд то давраи табобати заруриро "ба таври қатъӣ риоя намоянд".

"Зарур аст, рӯҳияи наврасонро ба он омода сохт то эшон дарк намоянд, ки ВНМО — маризии сирояткунанда аст, ки дар ҳоли ҳозир муолиҷанашаванда буда, вале тавассути истеъмоли доруҷот имкони воқеии дароз кардани мӯҳлати ҳаёт бидуни маҳдудиятҳо вуҷуд дорад", — қайд шудааст дар иттилои хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон таи соли гузашта 299 нафари мубталои ВНМО ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 167 мард ва 132 зан — 7,5%-и шумораи умумии онро кӯдакони то 14-сола ташкил медиҳанд.