Ҳунарманд ва коргардон Ислом Саломов даргузашт

Ҷанозаи Ислом Саломовро имрӯз дар Хуҷанд пас аз намози ҷумъа ба хок месупоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Ислом Саломов 10 май дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард.

Тавре Муҳиддин Музаффар-ҳампешаи ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, имрӯз соати 11 дар Театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд маросими видоъ бо Ислом Саломов баргузор мешавад.

Ислом Саломов- ҳамсари ҳунарпешаи машҳури тоҷик Сайрам Исоева аст, ки чанде пеш духтари худро аз даст дода буданд.

"Вазъи саломатии устод пас аз даргузашти духтарашон Саодат Саломова- ҳунарманди тоҷик, бадтар шудааст",- мегӯяд вай.

Тавре Муҳиддин Музаффар афзуд, ҳоло тамоми наздикону дӯстони марҳум ва аҳли фарҳанги вилояти Суғд дар назди театр ҷамъ омадааанд.

Ҷанозаи Ислом Саломовро пас аз намози ҷумъа дар оромгоҳи "Гунбази Кошон"-и шаҳри Хуҷанд ба хок месупоранд.

Ҳампешагону наздикони Ислом Саломов дар шабакаи иҷтимоии фейсбук низ аз даргузашти нобаҳангоми устоди ҳунар афсӯс мехӯранд.