Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Меҳрона Ғайбуллоева ва Чоршанбе Аловатов

Вазири фарҳанги Точикистон Шамсиддин Орумбекзода чанд ҷавони соҳибистеъдодро, ки дар тарғиби санъату фарҳанги тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов Меҳрона Ғайбуллоева барои ширкат дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтарин" ("Ты супер") дар Русия бо Ифтихорнома қадр карда шуд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

"Меҳрона Ғайбуллоева аз даври якуми озмуни мазкур бо муваффақият гузашта, дар даври дуюм таронаи сарояндаи машҳури Русия Земфира "Ман туро ҷустам" ("Я искала тебя")-ро дар сатҳи баланд иҷро намуд ва ба даври нимниҳоии озмуни "Ту беҳтарин" роҳ ёфт",-омадааст дар хабанома.

Овозхонии Меҳрона Ғайбуллоева ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ. Навор

Ҷаннат Ҳусейнзода, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ бо истеъдоди фавқулоддаи пианинонавозӣ ва эҷоди асарҳои мусиқӣ шинохта шудааст, барои ғолибият дар озмуни "Истеъдодҳои ҷавон — 2018", ки бахшида ба 80-солагии композитори маъруфи тоҷик Миратулло Атоев баргузор гардида буд, сазовори Ифтихорнома гардид.

Боиси зикр аст, моҳи декабри соли 2017 дар дафтари кори Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин барномаи консертии Ҷаннати 12-сола дар силсилаи "Нӯҳ нотаи сеҳрофар" баргузор гардида буд. Консерти навбатӣ дар силсилаи мазкур охири моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой сурат хоҳад гирифт.

Инчунин ба донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов Нисо Рустамова, Муҳаммад Ниёзов, Чоршанбе Аловатов ва Шаҳром Некматов низ барои ғолибият дар озмуни "Истеъдодҳои ҷавон — 2018" Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст.