Бо тоқию доира: гузориши аксӣ аз "Ҳанги ҷовидон"-и тоҷикони Маскав

Sputnik

Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 73-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.

Тоҷикони Маскав дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат мекунанд

Ҳамаи онҳо дар даст аксҳои хешовандон-бобоён, бибиҳо, падарону модаронро, ки қаҳрамонона дар ҶБВ ҷангидаанд бо ифтихор бардошта, дар кӯчаҳои марказии Маскав қадам мезаданд.

Ҷавонон бо қувваи пурра аксҳои қаҳрамононро баланд мебардоштанд, то ҳама қаҳрамонони Тоҷикистонро бубинад.

Қатори тоҷикони Маскав аз дурӣ намоён буд. Ҷавонону кӯдакон ҳама бо либоси миллӣ ва тоқиҳо ба ҷашн омада буданд. Дар болои сари тоҷикон парчами серанга-сафед, сабз ва сурх парафшонӣ мекард.

Дар қатори аввал бонувон қадам мезаданд. Мардум бо иҷрои сурудҳои машҳур-"Катюша", "Рӯзи Ғалаба" ва ғайраҳо роҳ мепаймуданд. Албатта бе сурудҳои тоҷикӣ ҳам роҳпаймоии тоҷикони Маскав нагузашт.

Тоҷикон бо қатори худ аз назди метрои "Белорусская" то майдони Сурх қадам заданд. Мардум ҳамдигарро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик мегуфтанд.

"Ҳанги ҷовидон"-и тоҷикони Маскавро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

1 / 12
Маскавиҳо аз базми тоҷикон ба ваҷд омада ба қатори онҳо ҳамроҳ мешуданд.
2 / 12
Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 73-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор тоҷик ҷамъ омада, то майдони сурх роҳпаймоӣ карданд.
3 / 12
Қатори тоҷикони Маскав аз дурӣ намоён буд. Ҷавонону кӯдакон ҳама бо либоси миллӣ ва тоқиҳо ба ҷашн омада буданд.
4 / 12
Дар болои сари тоҷикон парчами серанга-сафед, сабз ва сурх парафшонӣ мекард.
5 / 12
Дар қатори аввал бонувон қадам мезаданд. Мардум бо иҷрои сурудҳои машҳур-"Катюша", "Рӯзи Ғалаба" ва ғайраҳо роҳ мепаймуданд. Албатта бе сурудҳои тоҷикӣ ҳам роҳпаймоии тоҷикони Маскав нагузашт.
6 / 12
Аксари ширкаткунандагонро ҷавонон ташикл медод.
7 / 12
Мардум бо иҷрои сурудҳои машҳур-"Катюша", "Рӯзи Ғалаба" ва ғайраҳо роҳ мепаймуданд. Албатта бе сурудҳои тоҷикӣ ҳам роҳпаймоии тоҷикони Маскав нагузашт.
8 / 12
Тоҷикон бо қатори худ аз назди метрои "Белорусская" то майдони Сурх қадам заданд. Мардум ҳамдигарро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик мегуфтанд.
9 / 12
Бисёре аз мардуми дигар миллатҳо ба "базм"-и тоҷикон ҳамроҳ мешуданд.
10 / 12
Агар дар ҷое аз танбашавии мардум роҳпаймоӣ таваққуф мекард, тоҷикон доираҳоро бардошта мардумро болидахотир мекарданд.
11 / 12
Кулли роҳ тоҷикони Маскав дар даст аксҳои хешовандон-бобоён, бибиҳо, падарону модаронро, ки қаҳрамонона дар ҶБВ ҷангидаанд бо ифтихор бардошта дар кӯчаҳои Маскав роҳпаймоӣ мекарданд.
12 / 12
Дар охири роҳ мардум бори дигар ҳамдигарро бо Рӯзи Пирӯзӣ табрик гуфтанд.