Ба хотири моҳи шарифи Рамазон нархи наво дар Суғд арзон мешавад

Дар Тоҷикистон рӯзи 17 май моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар ин росто ҳукумати вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилоят ярмарка фурӯши маҳсулот баргузор мекунад, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Гуфта мешавад, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори ҳукумати вилояти Суғд, рӯзҳои 12-13 май дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин фурушгоҳҳои арзон дар маркази шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ҳам барпо мешаванд.

"Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз мешавад.

Қариб 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом мебошанд. Ҳамчунин дар кишвар 85 Иттиҳодияҳои ғайримусалмонии динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯза-яке аз аркони дини Ислом аст, ки гирифтани он барои ҳар як мусалмон фарз мебошад.