ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Суғд Рӯзи Ғалабаро бо тантана таҷлил карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Рўзи Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рўзгор, барору комёбӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
"9 май дар таърих ҳамчун рўзи ёдбуди қурбониёни ҷанг ва намунаи қаҳрамонии бемисли халқ то абад боқӣ хоҳад монд. Зеро ин Ғалабаи бузург натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан арзёбӣ мегардад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамояд", — иброз дошт Раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки дар ин ғалабаи оламшумул баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо фарзандони бонангу номуси тоҷику тоҷикистонӣ низ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ аз рўзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин, ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллат ба муқобили душман ҷангида, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд.
Имрўз хотири 92 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистонро, ки дар майдони ҳарб қурбонии ин ҷанги хонумонсўз шудаанд, дар тамоми гўшаю канори мамлакат ёдоварӣ менамоянд.
"Мавриди зикр аст, ки дар маросими гулгузорӣ бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд", — меафзояд манбаъ..
Ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъол бо гузоштани гулҳои тару тоза бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг эҳтироми бепоёни хешро ба шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баён намуданд.
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо гузашти низомии афсарону сарбозон хотима ёфт.