Абрӣ вале бебориш: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 8 май, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад.

Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ гардида, ҳаво шабона +13 +18 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +8 +13 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +28 +30 дараҷа ва шабона +8 +10 дараҷа гарм мешавад.