Аз оби Зам-зам то хурмо: Саудӣ тоҷиконро бо фарҳанги худ ошно мекунад

Sputnik

Дар чорчӯби рӯзҳои фарҳангӣ, тарафҳо барномаи ҳамкории фарҳангиро имзо карданд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар намоишгоҳи Арабистони Саудӣ  бо барномаҳои рангоранги фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либоси миллӣ, санъати нақошӣ ва ғизои миллии арабӣ, аз ҷумла хурмо ва оби Зам-зам ошно шаванд.

Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ то 8 май идома хоҳад ёфт.

1 / 11
Рӯзи 5 май дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
2 / 11
Меҳмононро ҷавондухтарони тоҷик бо либосҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
3 / 11
Меҳмонони араб ҳам дасти холӣ наомаданд.
4 / 11
Консерт баъд аз қироати сураи Қуръон оғоз шуд.
5 / 11
Маросимро вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ифтитоҳ кард.
6 / 11
Ба вазири фарҳанг ҷоизаи хотиравӣ тақдим карданд.
7 / 11
Дар Душанбе барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Арабистони Саудӣ баргузор шуд.
8 / 11
Меҳмонон барои тамошобинон асбобҳои миллии худро навохтанд.
9 / 11
Ҳайати Арабистони Саудиро сардори департаменти фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд роҳбари мекунад.
10 / 11
Дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши филмҳо, аксҳо, либосҳои миллӣ ва бофандагӣ ташкил карда шудааст.
11 / 11
Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон то 8 май идома хоҳад ёфт.