Ба сокинони Душанбе аз Арабистон оби "Зам-зам" оварданд

Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Сауъдӣ ифтитоҳ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

Дар назди театр меҳмонон гӯшаи расм барои кӯдакон ва гӯшаи меҳмоннавозиро тамошо кардаанд.

Ба гузориши манбаъ, мардум бо шавқ гӯшаи либоси миллӣ, гӯшаи санъати тасвирӣ, гӯшаи ҷойҳои муқаддасро тамошо карданд. Хусусан назди гӯшаи хаттотӣ ва хушнависӣ нафарони бисёр ҷамъ омада буданд.

"Бонувони тоҷик як гӯшае дастони худро бо ҳино оро доданду дар гӯшаи хурмо ва оби "Зам-зам" тамошобинони тоҷик тавонистанд, ки аз намудҳои гуногуни хурмо чашида, оби "Зам-зам" нӯшанд", — омадааст дар хабарнома.

Арабистони Саудӣ нахустин Рӯзҳои фарҳангиашро дар Тоҷикистон баргузор мекунад

Гӯшаи матбуоти даврии намоишгоҳ ба инъикоси Рӯзҳо дар расонаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъул буд.

Барномаи консертӣ дар толори театри мазкур бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд оғоз гардидааст.

Барномаи консертии ҳунармандони араб аз суруду мусиқӣ, рақси фолклорӣ ва рақсҳои мардумӣ бо шамшер иборат будааст.