ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори Покистон Мамнун Ҳусейн номаи таслият равон кардааст.
Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ин ин хабари фоҷиабор боиси андӯҳи амиқи раисҷумҳури Тоҷикистон шудааст.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин фоҷиаи ҳузнангез тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам".