Савдои гарм: Тоҷикистону Узбакистон гардиши колоро дучанд карданд

Ҳаҷми чархиши коло байни Тоҷикистону Узбакистон дар семоҳаи якуми соли равон 41,5 миллион долларро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Гардиши молу коло байни Тоҷикистону УзбАкистон дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми чархиши коло байни Тоҷикистону Узбакистон дар семоҳаи аввали соли равон 41,5 миллион долларро ташкил додааст.

Савдо гарм мешавад: дар Самарқанд ҳамоиши тоҷирони тоҷику узбак баргузор шуд

Тоҷикистон асосан ба Узбакистон ашёи хом содир карда, маҳсулоти омодаро ворид менамояд. Ба рӯйхати колоҳои содиротӣ ҳамчунин семент ва реги квартс шомил мешаванд.

Ба рӯйхати колоҳои воридотӣ аз Узбакистон, маҳсулоти хӯрокӣ ва автомобилҳо дохил мешаванд.

Пештар гузориш дода шуд, ки бонкҳои Узбакистон барои дастгирии содироти колоҳои корхонаҳои худ ба Тоҷикистон, то 100 миллион доллар ҷудо мекунанд.

Аз ҷумла, Бонки миллии "ФИХ Узбекистон" ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маблағгузории тиҷоратро ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии бонки Узбакистон.Байни ин ду бонк ҳамчунин шартнома дар бораи таъсиси муносибатҳои муросилотӣ баста шудааст.