Дар Эрон 16 хонумро барои робита бо ДИ ба ҳабс маҳкум карданд

Ин хонумони маҳкумшуда дар Эронро ҳамчунин вазифадор карданд, ки пулҳои аз ДИ гирифтаашонро, пасгардонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Додгоҳи Эрон рӯзи якшанбе 16 хонумро барои иштирок дар фаъолиятҳои ҷиноии гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ, мамнӯъ дар ҶТ) ба ҳабс маҳкум кард, иттилоъ медиҳад оҷонсии IRNA бо истинод ба додситони кулли Теҳрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ.

 "Хонумони аъзоёни ДИ ба мӯҳлатҳои гуногун ба ҳабс маҳкум шудаанд", — гуфт оғои Давлатободӣ.

Вай илова намуд, ки хонумонро ҳамчунин вазифадор кардаанд, ки пулҳои аз ДИ гирифтаашонро, пасгардонанд.

Ба гуфти ӯ, пештар ин занҳо ба Сурия рафта буданд то ба гурӯҳи террористии ДИ  бипайванаданд.

Онҳо дар он ҷо тамринҳои махсуси омӯзиширо гирифта, дар баъзе амалиётҳои террористӣ ширкат кардаанд. Пас аз баргашт ба Эрон ин хонумонро дастгир намуда ва ба зиндон фиристодаанд.