ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Ба иттилои хабаргузории РИА Новости дар бемористони низомии пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи музей ва лавҳаи ёдгорӣ баргузор шуд.
"Дар Тоҷикистон аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд бемористони низомӣ ташкил ёфта буд, вале бунгоҳи тибии марказӣ ҳамоно Госпитали Душанбе буд", — мегӯяд сафири Русия дар Тоҷикистон.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки лавҳаи ёдгорӣ аз диловариҳои бобоёну бобокалонҳо, саҳифаҳои қаҳрамонии бемористони ҳарбӣ, дар бораи пизишконе, ки ҳаёти ҷанговаронро ҳифз мекарданд, хотиррасон хоҳад кард.
Меҳмонон бо лаҳзаи хомӯшӣ ёди пизишкони низомӣ, ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳро гиромӣ доштанд.
"Хизматҳои пизишкон дар ноил шудан ба пирӯзӣ калон буд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг онҳо чизеро дареғ надошта, низомиёнро табобат мекарданд. Ҷароҳатбардоштагонро аз майдони ҷанг берун мекарданд ва зери бомб бошад ҳам, онҳоро ҷарроҳӣ мекарданд ", — мегӯяд командири пойгоҳи 201 Игор Коледа.
Дар анҷоми маросим гурӯҳи мусиқии "Фортпост"- и пойгоҳ ҳунарнамоӣ кард.
Госпитали Душанбе 5 сентябри соли 1926 ташкил ёфтааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бемористон то 350 нафар дар як вақт метавонистанд табобат гиринд. Дар солҳои 1979-1989 дар он низомиёни Қӯшунҳои советӣ дар Афғонистон табобат мегирифтанд.