ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд барои солҳои хониши 2017- 2018 стипендияи раиси вилоят таъсис ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд стипендияи раиси вилоят таъсис ёфтааст.
Дар ин бора қарори Раҷаббой Аҳмадзода аз 2 майи соли 2018, №163 ба тасвиб расид, меафзояд манбаъ.
Ҳамин тавр, тибқи низомномаи стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 70 стипендия, барои магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 стипендия, барои аспирантон 15 стипендия, барои донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ 25 стипендия муқаррар карда шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки раиси шаҳри Душане Рустам Эмомалӣ дар Рӯзи пойтахт ба даҳҳо шогирду устод стипендия дод.
Дар асоси Қарори Рустам Эмомалӣ, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муродова Мақсуда дар номинатсияи "Директори сол — 2017", муаллимаи фанни таърихи муассисаи таълимии "Гимназияи №74"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоева Дилбар дар номинатсияи «Омӯзгори сол — 2017", коллективи синфи 9 "г"-и литсейи "55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва роҳбари синф Бегматов Зуҳурбек Рӯзибоевич дар номинатсияи "Синфи беҳтарини сол — 2017" қадрдонӣ шудаанд.
Ҳамчунин, Шарифзода Баҳром ва Наимова Моҳлиқоб волидайн аз литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур дар номинатсияи "Волидайни беҳтарини сол — 2017", кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Кучарова Ҳусния дар номинатсияи "Кӯдакистони сол — 2017", мудири кӯдакистони №130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродова Зарина дар номинатсияи «Мудири кӯдакистони сол — 2017" ва мураббии кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исмонова Матлуба дар номинатсияи "Мураббии сол — 2017" ғолиб дониста шуда, мукофоту диплом гирифтаанд.