ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Рӯзи панҷшанбе, 3 май, аз Кӯлоб ба Маскав қатори мусофиркаш равон шуд. Сафарҳои мунтазам аз тариқи хатсайри роҳи оҳани мазкур пас аз танаффуси ҳафтсола барқарор шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон. Қатори аввал аз Кӯлоб ба Маскав тақрибан 400 мусофирро бурд. Дар қатор як вагони купе, ҳашт вагони платскарт ва як вагон-тарабхона насб шудааст.
Қатор барои 452 мусофир пешбинӣ шудааст. Роҳ аз Кӯлоб то Маскав чор шабонарӯзро дар бар мегирад. Арзиши ҳар чиптаи дутарафа 1311 сомонӣ (147 доллар) мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки ҳаракат дар қисмати роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, ки вилоятҳои ҷанубии Узбакистон ва Тоҷикистонро пайваст мекард, моҳи ноябри соли 2011 қатъ карда шуда буд. Узбакистон роҳҳои оҳани тарафи худро барканда, шарҳ дод, ки онҳо хеле фарсуда шудаанд.
Дар натиҷаи баркандани роҳҳои оҳан дар хати Термиз-Қурғонтеппа, ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон бо мушкилоти интиқоли мол рӯбарӯ шуданд. Ба зудӣ ҳаракати қатораҳо дар хатсайри Кӯлоб-Маскав пурра қатъ шуда буд.