Сиромолотов: ҷангиёни ДОИШ дар Бадахшон озмоишгоҳи маводи мухаддир таъсис додаанд

Афзоиши собитшудаи тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2017, ки ба 87% мерасад, боиси тавсеаи ҳамаҷонибаи фаъолияти террористӣ мегардад, эълом дошт муовини вазири корҳои хориҷии Русия
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Ҷангиёни ДОИШ (гурӯҳчаи террористии "Давлати исломӣ", мамнӯъ дар ҶТ) кӯшиши гирифтани назорат аз болои канали наркотрофик, ки тавассути қаламравҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон мегузарад, аз дасти толибонро доранд, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов ҳангоми суханронияш дар конфронси сатҳи аълои "Мухолифат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез" дар Душанбе.

Ҳамин тавр, ӯ таъкид кард, ки ҷангиён аллакай як шабакаи озмоишгоҳи маводи мухаддир дар вилояти Бадахшони Афғонистонро таъсис додаанд.

"Пешгӯии он, ки афзоиши тавлиди маводи мухаддир ба 87% дар Афғонистон, ки аз тарафи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ собит шудааст, боиси боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти террористӣ чӣ аз ҷониби ДОИШ, ва чӣ аз ҷониби "Толибон" гардидааст", - изҳор дошт Сиромолотов.

Тавре, ки сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар конфронс қайд намуд, чархиши ғайриқонунии маводи мухаддир манбаи асосии маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ мебошад. "Мубориза бо он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дидан ва амали намудани тадбирҳои фаврии муштарак бо истифода аз тамоми усул ва василаҳоро, талаб мекунад", — афзуд Раҳмон.

Тибқи маълумоти сарвари давлат, дар давраи аз соли 1994 то ҳозир, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар аз чархиш зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир гирифта шудааст.