Талаби Расулзода аз масъулини Хатлон: супоришҳои Раҳмонро иҷро кунед

Сохтмони ҳамаи иншооти нав бояд дар вилояти Хатлон дар остонаи 27-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва Наврўзи байналмилалии соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қозир Расулзода бо супориши раисҷумҳур ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафар карда, бо бунёду навсозии иншоот ошно шудааст

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон сафар кард, хабар медиҳад расонаҳои расмӣ.

Дар шаҳри Леваканд сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст аз рафти корҳои сохтмонии Ширкати муштараки Тоҷикию Хитоии "Нуриҳои Осиё" дидан кардааст.

Ҷопон дар Хатлон панҷ тарҳи иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд

Созишномаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати "Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ" Чин оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК "Азот" бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Сарвазир аз суръати пасти корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда, масъулонро ҷиҳати саривақт ва дар муҳлати пешбинишуда мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур муваззаф кардааст.

"Ӯ аз масъулони соҳаҳои дахлдор таъмини иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншооти нав, ки тибқи нақша бояд дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва Наврўзи байналмилалии соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд, талаб намуд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Расулзода бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии Ниёзмаҳмад Беков ва Сафар Ҷумаев ошно шудааст.

Дар идомаи сафар сарвазир аз рафти корҳои сохтмонии иншооти таъйиноти гуногуни ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, аз ҷумла бинои дуошёнаи меҳмонхона дар деҳоти Навобод, Фермаи мурғпарварӣ ва корхонаи коркарди семент дар деҳоти Маданият, осорхона, китобхона ва дигар иншооти таъйиноти гуногун дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балх дидан кардааст.