Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Қатар

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" бо намояндаи махсуси Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ дидор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли САҲА мулоқот кард

Раҳмон аз мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, муҳим арзёбӣ кардаанд.