Дар ҷануби Тоҷикистон ронанда бо худраваш дар дарё ғарқ шуд

Ронандае дар ҷануби Тоҷикистон аз уҳдаи идораи худрав набаромада дар дарёи Қумсангир ғарқ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ин садама рӯзи 3 май тахминан соати 07:10 дар роҳ ба сӯи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гузориши Вазорати корҳои дохила, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Шаймардонов Юсуф Мирзоевич, соли таваллудаш 1955, сокини деҳаи Сулҳободи ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди деҳаи Истиқлол, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Қумсангир афтида, дар об ғарқ шудааст.

Дар паи ин садама ронанда Шаймардонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуда, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

Пештар фоҷиаи монанд дар ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваста буд.

Ду духтари ҷавон яке 19 ва дигаре 15 сола дар дарёи Сурхоби ноҳияи Рашт, ғарқ шуданд. Духтарон қасд доштанд, дар манзараи зебои Сурхоб аксбардорӣ кунанд, вале нохост пои якеаш мелағжаду ӯ ба дарё меафтад. Духтари дуюмӣ ба талоши наҷоти ҳамроҳаш аз дасти ғарқшуда мегирад, вале худаш ҳам дар дарё ғарқ мешавад.