Суғд: ошхонае, ки дар он мурғҳоро зинда ба зинда меҷӯшониданд, баста шуд

Ошхонаи "Мурғи ором" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар он гӯшти мурғи хонагии ҷӯшонидашудаи аълоро пешниҳод мекарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон намояндагони мақомоти тафтишотӣ ошхонаеро, ки дар он таббохон мурғҳои зиндаро ба даруни деги оби ҷӯшидаистода партофта, мепухтанд, бастанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

Ошхонаи "Мурғи ором" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар он гӯшти мурғи хонагии ҷӯшонидашудаи аълоро пешниҳод мекарданд. Бо вуҷуди ин, миёнаҳои моҳи апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он дида мешуд чӣ гуна таббохони ин ошхона дар шароити даҳшатовари ғайрибеҳдоштӣ мурғҳои зиндаро ба оби ҷӯшидаистодаи дег мепартофтанду, сипас онҳоро пар меканданд.

Хашми фаъолони ҷомеъа аз шароити даҳшатовари мурғпазӣ дар Суғд

Сокинони Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки пас аз ошкор шудани ин воқеа, дар тамоми нуқтаҳои хӯроки умумӣ тартибот сар мешавад.

"Дар рафти тафтишот, ки пас аз пайдоиши ин навор шурӯъ шудааст, муқаррар гардидааст, ки кормандони ошхонаи мазкур 15 рӯз пеш бо ҳадафи сарфи 50 дирҳам аз сари ҳар мурғ, дар ошхона "утоқи газ" барои мурғҳои зинда омода кардаанд. Ҳамчунин дар рафти тафтишот норасоиҳои дигари беҳдоштӣ низ зоҳир гардидааст", — гуфт муовини сардухтури Маркази давлатии тафтишоти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ Фурқат Шарипов.

Ба гуфти ӯ, пас аз ошкор шудани далелҳои вайронкунии дағалонаи меъёрҳо ва қавоиди беҳдоштӣ, фаъолияти ин ошхона қатъ гардид.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки ошхонаи мазкур бо номи "Муҳаммад" ба қайд гирифта шуда, ба соҳибкор Файзулло Олимов тааллуқ дорад.