Кордкашии хонандагони мактаб дар Душанбе

Дар паи занозанӣ ва кордкашии мактаббачагон хонандаи синфи 11-Фарҳод Маҳмадназаров ҷароҳат бардоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар Душанбе миёни мактаббачагон занозанӣ ба кордкашӣ табдил ёфт, хабар медиҳад Тоҷик.ТА бо такя ба ВКД Тоҷикистон.

"Дар паи занозанӣ миёни хонандагони мактаби рақами 101 шаҳри Душанбе, ки рӯзи 30 апрел ба вуқӯъ пайвастааст, хонандаи синфи 11-Фарҳод Маҳмадназаров захмӣ шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Пешгирӣ аз задухӯрди ҳашт авбош бо корду табар дар Душанбе

Дар паи тафтишоти ҷиноӣ яке аз ҷангҷӯён боздошт ва чандеи дигар барои бозпурсӣ даъват шудаанд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро "майдаавбошӣ" унвон кардаанд. Ҷузъиёти ҳодисаро мақомот пас аз тафтишоти пурра ифшо хоҳад кард.

Ба гуфти сокинони маҳаллӣ дар ин занозанӣ ҳашт кас ширкат кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон вақтҳои охир аз афзудани ҷиноят миёни ҷавонону наврасон нигарон шудааст.

Танҳо дар давоми 3 моҳи соли 2018 аз ҷониби донишҷӯён 25 далели содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Шариф Назарзода сардори Раёсати ВКД Душанбе таъкид дошт, ки, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба табаҳкорӣ задаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе ду гурӯҳи ҷавонон бо корду табар дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе задухӯрд карда буданд.