ИМА ба Раҳимзода: барои ошкору пешгирии ҷиноятҳо кӯмак мекунем

Рамазон Раҳимзода барои дарсҳои омӯзишии намояндагони Амрико изҳори сипос кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Имрӯз, вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷаноби Генри Эншер ва намояндагони сафорати Амрико дидору мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ки вазири тоҷик аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намудааст.

Ӯ ёдоварӣ кардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо сафорати ИМА дар ҳамкории хуб қарор дошта, дар ин асно чандин семинару тренингҳои омӯзишӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби мутахассисони амрикоӣ амалӣ гардидаанд.

Ҷаноби Генри Эншер гуфтааст, ки  "мо ҳамеша омодаем дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва салоҳияти худ ҳарчи бештар барои ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои замони муосир кӯмак расонем".

Тарафҳо дар ин мулоқот ҳамчунин дурнамои рушди иқдомҳои муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.