ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мирзосангин Қутфиддинов яке аз духтурони маъруфи кишвар буда, тӯли чанд даҳсола ба ҳайси сардухтури Беморхонаи клиникавии вилоятӣ фаъолият намудаааст, менависад равобити умумии ҳукумати вилоят.
Гуфта мешавад, ки бо ташаббуси пизишк тарҳи беморхонаи вилоятӣ омода шуда, соли 1982 бинои нави Беморхонаи клиникавии вилоятӣ бо беш аз 1000 кат сохта шуд. Хизматҳои арзандаи Мирзосангин Қутфиддинов аз ҷониби давлату Ҳукумат қадршиносӣ гардидааст.
Мавсуф Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дорандаи орденҳои "Байрақи сурхи меҳнат" ва "Ленин" буда, дар арафаи 80 — солагияш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени "Шараф" мукофотонида шудааст. Бо назардошти хизматҳои табиби шинохта Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи ӯ гузошта шудааст.
Дар суҳбат бо Мирзосангин Қутфиддинов раиси вилоят аз корнамоиҳои ӯ ёдовар шуда, фаъолияти пурсамари ӯро намунаи ибрат барои насли ҷавон арзёбӣ кард. Мирзосангин Қутфиддинов аз хотираҳои неки худ қисса намуда, барои дастгириҳои пайваста ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кардааст.
Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин беморхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, дар 30 шуъбаи он наздик 1000 нафар кормандони соҳаи тиб фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо шогирдони Мирзосангин Қутфиддинов мебошанд.