Селфии марговар: навори охирин лаҳзаи ҳаёти духтарон дар Сурхоб

Ду духтари тоҷик ҳангоми аксбардори дар лаби дарёи Сурхоби ноҳияи Рашт ғарқ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Рӯзи 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи Душанбе, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирӣ дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

Ин духтар хостааст дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.

 

Ин ҳолати фоҷиаборро ҳамроҳони духтарон дар телефон сабт кардаанд.

Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна мавҷҳои шухи дарёи Сурхоб духтаронро ба коми марг мекашанд.