Бе истироҳат: тоҷикистониён 1-майро ҷашн мегиранд

Қарор дар бораи аз рӯйхати рӯзҳои истироҳатӣ баровардани Рӯзи якдилии меҳнаткашон моҳи ноябри соли 2016 аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон қабул гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тоҷикистониён соли дуюм Рӯзи меҳнаткашонро бе истироаҳт мегузаронанд.

Рӯзи меҳнаткашон, ки дар тӯли чандин солҳо дар Тоҷикистон чун ҷашни бошукӯҳ таҷлил мешуд, аз рӯйхати рӯзҳои истироҳатӣ бароварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2016 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" истироҳат будани якуми майро лағв карданд.

Якуми май аз замони Шӯравӣ ба унвони Рӯзи якдилии меҳнаткашон таҷлил мешуд ва баъди Истиқлол ҳам ин сана барои сокинони Тоҷикистон истироҳат буд.  Он замон Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, якуми май ҳамчун рӯзи ид боқӣ хоҳад монд, аммо бидуни истироҳат.

Первомайская демонстрация в Душанбе, 1972 год

Рӯзи якдилии меҳнаткашон дар даврони Шӯравӣ махсусан бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешуд. Сокинони шаҳру навоии кишвар дар майдонҳои марказӣ барномаҳои гуногуни диданиро омода карда ҳама ба парад мебаромаданд.

Дар ҳоли ҳозир Рӯзи меҳнаткашон дар 142 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар бархе аз мамолик ин ҷашн бо шукуҳи хосса баргузор шуда дар бархеи дигар танҳо сайругашти оммавӣ доир мешавад.

Первомайская демонстрация трудящихся на Красной площади

Қайд мекунем, ки вакилони парлумон ҳамчунин 10 январро ҳамчун Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълом карданд. Ин сана ҳам истироҳат надорад ва чун иди касбии кормандони ин оҷонсӣ таҷлил мешавад.