Вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

Абдаулазиз Комилов рӯзҳои 4-5 май барои ширакат дар ҳамоиш ба Дшанбе сафар мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов барои ширкат дар ҳамоши байналмилалии масоили мубориза бо тероризм ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

"Вазири умури хориҷаи Убакистон Абдулазизи Комилов рӯзҳои 3-4 ба Душанбе сафар мекунад. Вай дар кори ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланди "Мубориза бо тероризм ва экстримизми иҷборӣ" ширкат хоҳад варзид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе ҳоло бештар аз 400 меҳмон худро номнавис кардаанд. Интизор меравад, ки дар он намояндагони вазоратҳои умури хориҷаи бештар аз 50 давлат ва 30 ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

Эҳтимол меравад, дар назди ҳозирон раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад.