Духтари душанбегӣ ба Рашт ба меҳмонӣ рафт, вале ҳангоми селфӣ ба дарё ғарқ шуд

Ва духтари ҷавони душанбегӣ ҳам шояд хост баъди бозгашт аз сафари Рашт ба дугонаҳояш аз мавҷу хурӯшони Сурхоб ҳикоят кунад, вале талоши аккосӣ дар ин манзараи дар нигоҳи аввал дилфиреб ба фоҷеа анҷомид...
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сайри соҳили дарё, назораи мавҷи об, резиши борон, тамошои гулу сабза ва боз даҳҳо кори дигар хоси баҳору тобистон аст. Манзараҳои дифиреби кишвар касро таҳрик медиҳанд, ки хотироташро дар аксу суратҳо барои пайвандонаш ва ёдгор барои оянда нигоҳ дорад. Ва духтари ҷавони душанбегӣ ҳам шояд хост баъди бозгашт аз сафари Рашт ба дугонаҳояш аз мавҷу хурӯшони Сурхоб ҳикоят кунад, вале талоши аккосӣ дар ин манзараи дар нигоҳи аввал дилфиреб ба фоҷеа анҷомид ва духтари 19-сола бо хешованди 15-солааш абадан олами моро тарк гуфтанд.

28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи пойтахти кишвар, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирии селфи дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

Ин духтар хостааст дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт. 

Гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти ин хабар фавран ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон арфтанд. Субҳи бармаҳали рӯзи 29-уми апрел ҷасади духтарони ҷавони ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд. 

Дра ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандо ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳим мекунад, ки   дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин ба волидон муроҷиат мекунад, ки бачаҳои худро беназорат нагузоранд!