Барои манфиати ду кишвар: Тоҷикистону Покистон муносибатҳояшро рушд медиҳад

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмими ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид гардид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Чанде пеш дар Исломобод машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баргузор шуд. 

Бино бар иттилои ВХЗ, ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Айтзаз Аҳмад роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

"Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳилаи татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ ва инфрасохторӣ ворид гардидааст, ки намунаи боризи он лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи CASA 1000 мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

 Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмими ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид гардид.

Дар доираи машваратҳо ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин росто мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ба суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон таъкид гардида, ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду кишвар ва минтақа арзёбӣ гардид.