Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукуматӣ ба масъулин чиро таъкид кард?

Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.Чанде пеш кишвардори Тоҷикистон бо масъулини кишвар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳуриро баргузор кард. Дар назди раисҷумҳур Давлаталӣ Саид муовини нахутвазири Тоҷикистон аз натиҷаҳои рушди кишвар дар семоҳаи аввали соли 2018 ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод.

Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,1 фоиз, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз, гардиши савдои чакана 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардидааст.

"Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид",- афзуд муовини ахуствазир.

Аммо раисҷумҳур таъкид дош, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ,  захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар маҷмуъ барои рушди устувори суръати маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод кард.

Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин раисҷумҳур ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво ба хотири аз зимистон беталаф баровардани чорво дастур дод.