Дар ҳамоише дар назди намояндагони расонаҳои Тоҷикистон мудири минтақавии Coca-Cola Лисани Атасаян ва мудири кулли ширкати Coca-Cola дар Тоҷикистон Эзел Агоуғлу баромад карданд.
"Ҳоло сармояи ширкат 2,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар соли 2017 700 миллиардов литро маҳсулотамонро ба фурӯш баровардем", — мегӯяд мудири минтақавии ширкат.
Вай афзуд, ҳамасола навъи маҳсулоти ширкат афзоиш меёбад.
Коргоҳи ширкати туркии "Coca-Cola нушокиҳои Тоҷикистон" бо иқтидори солонаи 100 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан дар соли 2015 дар канори Душанбе дар ҳудуди маҳаллаи Политехникум сохта шудааст.
Коргоҳ бо таҷҳизотҳои нав муҷаҳҳаз шудааст.