Роҳбандон: Дар Душанбе масири роҳи микроавтобусҳо тағйир ёфт

Гуфта мешавад, ба хотири аз байн бурдани ҳолатҳои танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои Душанбе ин иқдом ҷорӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе эълом мекунад, ки дар пойтахт самти ҳаракати микроавтобусҳо тағйир дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдом барои пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр роҳандозӣ карда мешавад.

"Бо мақсади аз байн бурдани  тамбашавии воситаҳои нақлиёт фаъолияти ҳама намудҳои автобусҳои ғунҷоишашон хурд (микроавтобусҳо) бо истиснои микроавтобусҳои хатсайри №33А бо реҷаи Экспресс фаъолияткунанда тавассути кӯчаи Соҳилӣ ба роҳ монда шудааст",- гуфта мешавад дар эълон.

Аз меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки аз воситаҳои нақлиёти автобусҳои хатсайрҳои №4, 5 ва 12 истифода баранд, автобусу троллейбусҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шавед.