Хадамоти алоқаи Тоҷикистон интернети марокизи донишгоҳиро қатъ кард

Бо ин иқдом акнун марокизи ёдшуда ва пажуҳишгарони тоҷик аз истифодаи интернети ройгон ва арзонқимат маҳрӯм шудаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, фаъолияти хутути ширкати Ториноро, ки марокизи донишгоҳҳои ин кишварро бо иртиботи ройгон ва арзон таъмин мекард, қатъ кард.

Ба нақл аз "Парстудэй", бар асоси дастури хадамоти алоқа, акнун дафтари марказии ширкати Торино баста ва хутути иртиботи интернетии он бо буридани симҳо қатъ шуда ва дар ин замина ҳеҷ тавзеҳе ироа нашудааст.

Ширкати Торино аз 2002 дар Тоҷикистон бар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумат ва Иттиҳоди Аврупо фаъол буд ва Академияи илмҳо ва 120 маркази донишгоҳӣ ва пажуҳишии ин кишварро бо интернет таъмин мекард.

Бо ин иқдом акнун марокизи ёдшуда ва пажуҳишгарони тоҷик аз истифодаи интернети ройгон ва арзонқимат маҳрӯм шудаанд.