ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.Насби таҷҳизоти муосир аэронавигатсионӣ дар фурудгоҳи Душнабе зимни мулоқоти муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини президенти ширкати "Thales" Оливе Ашар ба тавофуқ расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Фаронса "Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе"-ро ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, дар он таҷҳизоти муосир насб мекунад.
Корҳои муҷаҳҳазгардониву васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 анҷом меёбад. Вале ҳамкорӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Ширкати франсавии "Thales" яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд.
Таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат дар кишварҳои ҳамсоя Узбакистон, Қазоқистон, Чин ва Афғонистон истифода мешавад.