Вазифаи нави Убайдуллоев дар ЮНЕСКО

Ҷамолиддин Убайдуллоев намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО таъйин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло бо мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) хонум Одри Озуле мулоқот кардаст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.

"Сафир номаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Озуле оид ба таъйин гардидани сафири Тоҷикистон дар Фаронса ҳамчун Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО супорид", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО-ро баланд арзёбӣ мекунад.

Моҳи январи соли 2018 Ҷамолиддин Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъйин шуда буд.

Пештар Ҷамолиддин Убайдуллоев дар вазифаи сардори Раёсати кишварҳои Урупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолит мекард.